Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мулоқоти кордиҳандагон бо донишҷӯёни ДДМИТ

Мулоқоти кордиҳандагон бо донишҷӯёни ДДМИТ

Рӯзи 17-уми феврал бо ташаббуси кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи ДДМИТ бо намояндагони Ҷамъияти саҳомии пушидаи Ташкилоти амонатии қарзии хурди "Ҳумо" мулоқот сурат гирифт. 
Сараввал декани факултет Амрулло Нурализода донишҷӯёнро барои ҳамкориҳои пайваста ва судманд бо ташкилотҳои қарзӣ ташвиқ намуд. 
Сипас, Ҷамшед Маҳмадиев, мутахассис оид ба қабули кормандони ҶСП ТАҚХ "Ҳумо" дар бораи таърихи ташкилот, намудҳои қарз ва хизматрасониҳои бонкӣ, ҷойҳои кории холӣ дар филиалҳои ташкилот дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва шартҳои ба кор қабулкунии довталабон ба вазифаҳо баромад намуд. Мутахассиси ташкилоти қарзӣ гуфт, ки «Ҳумо» ташкилоти амонатии қарзии хурди пешрафт ва инкишофёбанда мебошад. 
- Вазифаи асосии мо, ин пешниҳоди хизматрасониҳои молиявии босифат ва дастрас ба аҳолии деҳоте, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ менамоянд, инчунин, мусоидат намудан ба рушди тиҷорати хурд барои таъмини имкониятҳои иқтисодии нав ба аҳолии мамлакат мебошад. 
Барои донишҷӯён сифати баланди хизматрасонӣ ба мизоҷон, самаранок идоракунии ташкилот, муносибати хуб бо бонкҳои шарикон, мақомотҳои танзимкунандаи давлатӣ ва мақомотҳои ҳукумати маҳаллӣ ва муттаҳидии роҳбарият ва кормандон бо арзишҳои ягона ҳадафи аслии фаъолияти мо мебошад, - афзуд баромадкунанда. 
Дар охир байни донишҷӯён ва корфармо саволу ҷавоб сурат гирифт. Зимни он корҷӯён оид ба шароиту муҳити корӣ ва мушкилоти инфиродию соҳавии тиҷорати хурд ва корпоративии ташкилот маълумоти заруриро ба даст оварданд.