Хабарҳо
Рушди асосҳои фаъолияти аудиторӣ
Рӯзи 17-уми феврал семинари илмӣ-методии кафедраи аудит ва ревизия бо иштироки ҳайати устодон ва донишҷӯён баргузор гардид. Дар оғоз мудири кафедра, дотсент Ёрибек Тилабов оид ба нақши баргузории чорабиниҳои илмӣ дар татбиқи сиёсати иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан рушди соҳаи назорати давлатии молиявӣ ва фаъол будани донишҷӯёнро зимни иштирок дар мизҳои мудаввару конфронсҳо муҳим арзёбӣ намуд.
Маърӯзачӣ Анис Оев, ассистенти кафедра дар мавзӯи “Рушди асосҳои институтсионалии фаъолияти аудиторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуд. Номбурда иброз дошт, ки дар шароити муосир ба роҳ мондани робитаҳои иқтисодии байни корхонаҳо аксар вақт аз набудани боварии шарикон нисбати ҳисоботи молиявӣ ба якдигар халал мерасонанд. Ниёз ба иттилооти боэътимод, махсусан баёни ақидаи беғараз диди тозаеро ба худ касб менамояд. Ҳолати мазкур зарурати рушди асосҳои институтсионалии фаъолияти аудиториро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш меорад.
Пас аз анҷоми маърӯза музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт, ки дар он устодон Ё. Тилабов, С. Шаҳноза ва Ф. Абдулхайров фикру андешаҳояшонро оид ба мубрамияти мавзӯъ ва сатҳи таҳқиқи илмии он баён доштанд.