Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Истифодабарии системаи ягона ҳангоми интиқол

Истифодабарии системаи ягона ҳангоми интиқол

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи амалии сиёсати гумрукӣ ҳамчун вазифаи асосӣ ва таъмин намудани риояи қонунгузории амалкунанда, ки назорати иҷрои он ба зиммааш гузошта шудааст, дар доираи салоҳияти худ, тадбирҳои таъхирнопазир меандешад. Барои амалӣ намудани сиёсати гумрукӣ муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро лозим аст, ки дар ин самт мутахассисони баландпояи касбиро омода намоянд. 
Рӯзи 17-уми феврал дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бо ташаббуси кафедраи фаъолияти гумрукӣ маҳфили “Зеҳн” дар мавзӯи «Истифодабарии системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт» баргузор гардид. 
Дар маҳфил муовини сардори Маъмурияти системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягонаи Хадамоти гумрук майори хадамоти гумрук Д. Соибов маърӯза намуд. 
Д. Соибов гуфт, ки бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти мақомоти гумрук ва стандартикунонии расмиёти гумрукӣ ҳанӯз аз 1 январи соли 2012 Системаи иттилоотии автоматонидашудаи ягона дар мақомоти гумрук роҳандозӣ карда шуда буд. Тавассути системаи мазкур, барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст. 
Номбурда илова кард, ки системаи мазкур шабакаи боэътимод ва ҳимояшавандаи интиқоли маълумотро дар назар дошта, сохтани инфрасохтори ягонаро байни воҳидҳои сохтории мақомоти гумрук ва дастгоҳи марказии Хадамоти гумрукро бо ташкили дастрасии истифодабарандагон ба захираҳои марказии махзани маълумот ва таъминоти барномавӣ дар бар мегирад. Он имкон медиҳад, ки назорат аз болои интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукӣ дар низоми вақти воқеӣ ба амал бароварда шавад. 
Ёдовар бояд шуд, ки дар маҳфил устодони кафедраи фаъолияти гумрукӣ, донишҷӯёни курси 4 ихтисосҳои 1-960101 - хадамоти гумрук, 1-96010102 - таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукии ДДМИТ ва донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 1-96010101 - таъмини ҳуқуқии фаъолияти гумрукии Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат иштирок намуданд. 


Қудратулло Мираков, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ