Хабарҳо
Артиши миллӣ-сипари боэътимоди Ватан!
23 феврал тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмӣ-давлатӣ табдил ёфтааст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Инак аз таъсиси Артиши миллӣ 28 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити душвор таъсис ёфтааст.
Бахшида ба ин рӯзи таърихиву сарнавиштсоз рӯзи 18 феврали соли равон дар факултети иқтисод ва бизнес маҳфили идона баргузор гардид, ки дар он ҳайати устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Нахуст декани факултет Бобоҷон Сатторов ҳозиринро ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуд ва қайд кард, ки тӯли 28 сол афсарону сарбозони Артиши миллӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт, мактаби мардонагӣ ва муборизаву набардҳои сангин сарбаландона гузашта, барои ҳифзи обу хоки сарзамини аҷдодӣ ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолият хизмати содиқонаву арзандаи худро ба ҷой оварданд. Инчунин, қайд намуд, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавонмарди ватандор қарз аст.
Баъдан, С.Ҳайитов ва Б.Қодирова баромад намуда, кулли нишастагонро ба ин рӯз табрику муборакбод намуданд ва ёдовар гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳимояи Ватан кори мардон ва дарси зиндагӣ аст.