Хабарҳо
Хизмат ба ватан дарси зиндагист
Ҳамасола дар сартосари мамлакат 23 феврал ҳамчун рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ба ҳамин хотир рӯзи 18 феврали соли равон маҳфили идонаи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ бахшида ба 28-умин солгарди тасъсисёбии рӯзи Артиши миллӣ баргузор гардид. Сараввал декани факултет М.Содиқов кулли ҳозиринро ба ин рӯзи фархунда табрику муборакбод намуд ва илова дошт, ки ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз қарзи ҳар як ҷавонмард ва хизмат дар сафи Қувваҳои Муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мактаби зиндагӣ аст. Дар муддати 28 соли таърихӣ ҷузъу томҳои Артиши миллӣ ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи мамлакат табдил ёфта, ҳоло ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат мекунанд. Артиши ҷавони Тоҷикистон, хусусан, дар солҳои душвору фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии кишвар дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткори трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошӯбҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки тайи 28 соли фаъолият Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рӯзҳои сахту сангинро пушти сар карда, аз озмоишҳои шадиди ин солҳо гузаштанд ва имрӯз ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфтаанд ва барои ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватани азиз собитқадамона рушду такомул меёбанд.
Дар хотима аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардид.
Бибиноз Муродалиева