Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Иштироки устодони ДДМИТ дар конференсияи байналмилалӣ

Иштироки устодони ДДМИТ дар конференсияи байналмилалӣ

Чанде пеш Филиали Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Россия дар Урал XVII-умин Конфронси миллии илмию амалии донишҷӯён, аспирантҳо, магистрантҳоро бо иштироки фосилавии меҳмонони хориҷӣ дар мавзӯи «Иқтисодиёт ва ҷомеа дар шароити пандемия: назари ҷавонон» баргузор намуд. Дар доираи конфронс 111 мақолаи илмӣ аз донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногуни Россия ва хориҷӣ пешниҳод карда шуданд. 
Бояд гуфт, ки ин донишгоҳ ҳамасола ин қабил конфронсро мегузаронад ва он ба ҳукуми анъана даромадааст, вале бо сабаби вазъи душвори баамаломада имсол он дар шакли дар шакли ғоибона баргузор шуд. 
Боиси дастгирист, ки устодони ДДМИТ низ бо маърӯзаҳо дар ин конфронс иштирок ва баромад карданд. Аз ҷумла ноиби ректор оид ба илм Сафаров Баҳром дар табрикоти видеоии худ аҳамияти мавзӯи баррасишавандаро на танҳо барои Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки барои тамоми иқтисоди ҷаҳон муҳим арзёбӣ карда, афзуд, ки пандемия боиси коҳиши афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодӣ нисбат ба соли қаблӣ шудааст. Дар замони пандемия иқтисодиёти миллии кишварҳои мухталиф маҷбур буданд, ки траекторияҳои рушди худро тағйир диҳанд. Барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ба кишварҳо лозим буд, ки манбаъҳои нав пайдо кунанд ва барои ин бисёр кишварҳо, сарфи назар аз он ки иттиҳодияҳои деринаи интегратсионӣ доштанд, маҷбур шуданд ба самтҳои дохилӣ рӯ оранд. Дар ин шароит нақши ташкилии шабакавии истеҳсолот афзуда, он зарурати омӯхтани рақамисозиро қаблан муайян кард. 
Дар баробари ин Баҳром Сафаров таъкид дошт, ки масъалаи рушди минбаъдаи иқтисодӣ дар шароити пандемия ҳоло ҳам мавҷуд буда, дар робита ба ин, мавсуф аҳамияти ин чорабиниро махсус қайд карда, гуфт, ки дар он коршиносон ба саволҳои мубрами ҳозира посух медиҳанд. 
Инчунин, дар бахшҳо устодони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Воҳидов Умар, номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ дар мавзӯи «Механизми ҳисобкунии андозҳо аз рӯи модели баланси байнисоҳавӣ" ва Саъдонов А.Г., Фейзалиев А.С., муаллимони калони кафедраи моделсозии математикӣ ва иттилоотӣ дар мавзӯи "Усули моделсозии вобастагии шуғл аз сатҳи истеҳсолоти саноатӣ" баромад намуданд.