Хабарҳо
Раванди ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои ҳамбастагии иқтисодиёт
Рӯзи 20-уми феврал мизи мудаввари донишгоҳӣ доир гардид, ки ба мавзӯи глобализатсия бахшида шуда буд.
Сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ Е. Мирзоева чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар мавриди дастовардҳои беназири кишварамон дар даврони истиқлолият ва нақши ҷавонон дар пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон изҳори андеша намуд.
- Дар рушду тақвияти ҳамкорӣ ва муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург аст.
Имрӯзҳо иштирок ва суханронии Пешвои миллат дар минбари чорабиниҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд, - афзуд баромадкунанда.
Дар идома мудири кафедраи муносибатҳои иқтисоди байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Зулфия Қурбонова дар мавзӯи «Раванди ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои ҳамбастагии иқтисод» баромад намуд. Номбурда таъкид дошт, ки глобализатсия ё ҷаҳонишавӣ раванди ҷадид буда, аз нимаи дувуми асри бист шурӯъ гардидааст ва заминаи аслии онро иттилоотонии ҷомеа ташкил медиҳад.
Ба андешаи мавсуф, барои иштироки фаъол дар ин раванд сатҳи баланди дониш тақозо карда мешавад. Глобализатсия ҷаҳонишавии иқтисод, сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дигар самтҳои фаъолияти ҷомеаи башариро дар бар мегирад. Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани муносибатҳо захираҳо таъмин ва нархи онҳо баробар карда мешавад.
Дар охир устодон Шариф Раҳимзода, Н. Муртазоев ва Е. Мирзоева дар мавзӯи баррасишуда музокира намуда, дар бораи воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё ва бурду бохти он изҳори андеша намуданд.