Хабарҳо
Раванди сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон
Бо ибтикори кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ рӯзи 20-уми феврали соли равон семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар он устоди кафедра С.Сафарзода дар мавзӯи «Раванди сармоягузорӣ ба иқтисодиёти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯза кард. Номбурда зимни маърӯза қайд намуд, ки сиёсати давлатии ҷалб ва ҳимояи сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди иҷтимоию иқтисодии давлат ва ноил гардидан ба самараи манфиати умум дар соҳаи сармоягузорӣ нигаронида шуда, иштироки бевоситаи давлатро дар фаъолияти сармоягузории дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва инчунин ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузории аз тарафи бахши хусусӣ анҷом додашударо дар бар мегирад. Илова дошт, ки сиёсати давлатии сармоягузорӣ бояд ба фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ ва бартараф намудани маҳдудиятҳои қонунгузорӣ ва институтсионалӣ барои афзоиши сармоягузориҳо дар истеҳсолот, тақвиятбахшии тамоюли иҷтимоии онҳо, озод намудани ташаббуси бахши хусусии иқтисод нигаронида шавад.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии мо ба ҳисоб меравад.
Дар анҷом музокира ва саволу ҷавоб сурат гирифт.