Хабарҳо
Ифтитоҳи синфхонаи онлайнӣ-шабакавӣ дар доираи лоиҳа
Дар доираи татбиқи лоиҳаи барномаи грантии «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» рӯзи 22-юми феврал дар факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ маросими кушодашавии синфхонаи онлайнӣ-шабакавӣ баргузор гардид.
Дар оғози маросим ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода оид ба беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар ДДМИТ сухан ронд. Ректор гуфт, ки бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) ҳанӯз аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуд.
Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Созишномаи грантӣ аз 25.09.2019, № 13/1-2 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунии «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» ба имзо расид. Ш. Хайрзода илова дошт, ки мақсад ва вазифаҳои лоиҳа ин такмил додани сатҳ ва усули таълим тавассути такмили стандартҳо ва нақшаҳои таълимӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори касбии ҳайати профессорон-омӯзгорон бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва таълимӣ тавассути ташкили шабакаи таълимии онлайн байни ду донишгоҳ - ДДМИТ ва ДДД мебошад. Яке аз ҳафт вазифае, ки назди лоиҳа гузошта шуда буд, яке аз онҳо сохтани инфрасохтор тавассути насби барномаҳои идоракунии таҷҳизот барои ташкил ва баргузории дарсҳои таълимӣ дар шабакаи таълимии онлайн дар ду донишгоҳ буд ва имрӯз ба ҳарду таълимгоҳ муяссар гардид, ки ин ҳадафро амалӣ намоянд.
Ёдовар бояд шуд, ки айнан дар як вақт, ҳамчунин, дар Донишгоҳи давлатии Данғара низ синфхонаи онлайнӣ-шабакавии дорои тахтаи электронӣ, мизу курсиҳои муосир бо ноутбукҳои замонавӣ ва камера барои баргузории дарсҳои таълимии онлайн байни ду донишгоҳ муҷаҳҳазонида шудааст. Аз ҷониби ДДД низ фикру мулоҳизаҳо оид ба татбиқи вазифаҳои дарпешгузошташудаи лоиҳа ва ҳамкориҳои судманд байни донишгоҳҳо иброз гардид.