Хабарҳо
Таҳқиқоти омории сатҳи демография дар давраи истиқлолият
Санаи 20 феврали соли равон бо ибтикори факултети ҳисобдорӣ ва омор маҳфили “Зеҳн” бо иштироки ҳайати устодон, меҳмонон ва донишҷӯён баргузор гардид. Маҳфилро декани факултет н.и.и., дотсент Б.Ҷ. Ҷурахонзода ифтитоҳ намуд. Мавсуф устодон ва донишҷӯёнро бо меҳмонон ва мавзӯи маҳфили илмӣ шинос намуда, саҳми факултети ҳисобдорӣ ва оморро дар самти ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ назаррас ҳисобид.
Баъдан, мудири кафедраи омор н.и.и., дотсент З.Х. Иматшоев баромад намуда, иброз дошт, ки ҳамасола кафедраи омор ба зермаҳфили «Зеҳн»-и факултет мутахассисони соҳаро ҷалб менамояд.
Сипас, М.А. Одинаев, номзади илмҳои иқтисодии кафедраи омори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба мавзӯи «Таҳқиқоти омории сатҳи демография дар давраи истиқлолият» маърӯза намуд. Баромадкунанда роҷеъ ба масъалаи таҳқиқоти омории сатҳи демография дар давраи истиқлолият маърӯза намуда, иброз дошт, ки солҳои охир баҳодиҳӣ ба нақши омилҳои демографӣ дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати давлатӣ яке аз масъалаҳои муҳими илмӣ мебошад. Дар баъзе минтақаҳои кишвар суръати нисбатан баланди зиёдшавии табиии аҳолӣ дида мешавад, ки тафовути минтақавӣ дар хусусияти равандҳои демографӣ бо дигаргуншавӣ ва тағйиротҳо дар тарзи ҳаёт, инчунин, хусусиятҳои этникӣ, ки бо одат ва анъанаҳои миллӣ дар муносибатҳои оилавӣ нигоҳ дошта мешаванд, вобастагӣ доранд.
Дар хотима, саволҳо доир ба мавзӯи баррасигардида пешниҳод карда шуд, ки посух ва муҳокимаи онҳо мавзӯъро пурратар намуд.
Р.Саидов, котиби зермаҳфили «Зеҳн», муовини декан оид ба илм ва инноватсия