Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Таҷлили Рӯзи ҳомиёни Ватан

Таҷлили Рӯзи ҳомиёни Ватан

Санаи 22 феврал дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ бахшида ба 28-умин солгарди рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Зимни баромад декани факултет Қутбиддин Муқимов сараввал иштирокчиён ва дар симои онҳо тамоми шаҳрвандони мамлакатро ба ин санаи фархунда табрик гуфта, аз таърихи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷузъу томҳои он ёдовар шуд. Сипас, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода сухан гуфта, иброз намуд, ки ҳарчанд Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис ёфта бошад ҳам, дар натиҷаи тадбирандешиҳои Ҳукумати мамлакат марҳила ба марҳила устувору қавӣ гардида, имрӯз бо мутахассисони соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад ва ба неруи дорои ҷузъу томҳои замонавӣ табдил ёфтааст. 
Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли ин солҳо барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди исёнгарони хиёнаткор, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва дигар дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор фидокориву мардонагии зиёд нишон дода истодаанд, ки ин барои ҳар кадоми мо шарафи бузург мебошад.