Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Артиши миллӣ рамзи шуҷоат ва мардонагӣ

Артиши миллӣ рамзи шуҷоат ва мардонагӣ

Бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ рӯзи 22-юми феврал дар факултети молия ва қарзи ДДМИТ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ декани факултет А.Нурализода ва сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А.Давлатзода оид ба нақш ва муҳимияти Артиши миллӣ дар пойдории миллат ва сулҳу истиқлолият суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар миёни неруҳои ҳарбии ҳамаи кишварҳои ҳамсоя таҷрибадортар аст, чун як ҷанги дохилии ҳудудан панҷсоларо ҳам пушти сар гузошт. Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ ҳанӯз дар аввалин солҳои Истиқлолияти давлатӣ ба таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори махсус дода, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир, ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ шурӯъ намуда буд. Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ҳақиқат сипари боэътимоди давлат, ҳимоятгари асосии сокинони кишвар ва сулҳу ваҳдат дар ҷомеа мебошанд. Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад. 
Дар ин зимн, ҳамчунин, аз ҷониби донишҷӯёни факултет барномаи фарҳангӣ иборат аз суруду шеърхонӣ дар васфи Ватан, саҳнаҳои ҳаҷвӣ-тарбиявӣ ва сафороии афсарон намоиш дода шуд. Инчунин, ба донишҷӯёни фаъол аз ҷониби садорати факултет ифтихорномаҳо тақдим гардид.