Хабарҳо
Бобо Фиғонии Шерозӣ ва таҳаввули равиши нав дар шеъри форсӣ
Рӯзи 19 феврали соли равон бо ибтикори кафедраи забони тоҷикӣ семинари илмӣ дар мавзӯи «Бобо Фиғонии Шерозӣ ва таҳаввули равиши нав дар шеъри форсӣ» баргузор гардид. Дар он номзади илмҳои филологӣ, профессори кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ Озод Саидҷаъфаров доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоир маърӯза намуд. Профессор О.Саидҷаъфаров дар баромади хеш қайд намуд, ки истиқболи зиёд аз равиши сухантирозии ӯ намудаанд, агарчи шеваи Фиғонӣ дар даврони ҳаёту фаъолияти эҷодиаш аз ҷониби шоирони муосири вай, ба хосса пайравони мактаби Ҳирот, ки дар садри онҳо Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ қарор дошт, мавриди пайравӣ ва қабул қарор нагирифт. Аммо баъдтар аксари намояндагони сабки ҳиндӣ, ба вижа шоирони форсизабони ҳавзаҳои адабии Ҳинд истиқболи зиёд аз равиши сухантирозии ӯ намуданд.
Инчунин, дар маърӯза гуфта шуд, ки дар манзари тахайюли Фиғонӣ қаҳрамони марказии ғазалиёташ, яъне маъшуқ, ки симои асосии ғиноӣ маҳсуб мешавад, бо гунаи дигартар ва фарқкунандатар аз симоҳои ғиноии тасвиркардаи шоирони муосираш ҷилва мекунад. Диди тоза ба маъшуқ ва арзише дигартар бар ӯ аз вижагиҳои асосии назаргоҳи Фиғонӣ дар мавриди тасвиру тарсими симои ғиноии ғазалиёташ мебошад, ки дар қиёс бо тамоми шоирони муосираш, ҳатто дар муқоиса бо бузургони ҳамасраш, монанди Мавлоно Ҷомӣ, Ҳотифӣ, Ҳилолӣ, Баноӣ мавқеи ӯро хоссаву ҷудогона нишон додааст.
Мавзӯъ ҷолиб буд ва аз ҷониби баромадкунанда хеле хуб баррасӣ гардид. Дар охир семинар бо саволу ҷавобҳо ҷамъбаст гардид.