Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳифзи манфиатҳои миллӣ қарзи шаҳрвандист

Ҳифзи манфиатҳои миллӣ қарзи шаҳрвандист

Рӯзи 22-юми феврали соли равон дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт чорабинии сиёсиву тарбиявӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ декани факултет И.Неъматов ва сардори раёсати корҳои тарбиявӣ А.Давлатзода зимни баромад иброз доштанд, ки имрӯз Тоҷикистон аз зумраи кишварҳоест, ки баҳри ҳифзи хоки худ истодагарӣ карда метавонад, ҷавонони бонангу номус, родмардони шуҷои Ватан пуштибони марзу буми аҷдодианд. Ишора шуд, ки таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва бунёди ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ аз хизматчиёни ҳарбии ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ, азму иродаи қавӣ, интизоми устувори ҳарбӣ, донишу маҳорати мукаммали касбӣ ва зиракии доимии сиёсиро тақозо менамояд. 
Дар фарҷом, аз ҷониби Созмони ҷавонон, Шӯрои кор бо бонувон ва Шӯрои сардорони факултет барномаи фарҳангиву-тарбиявӣ, ки саршор аз ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ иборат буданд, намоиш дода шуд. Ҳамзамон, як гурӯҳ донишҷӯён аз ҷониби садорати факултет бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.