Хабарҳо
Ҳамоиши бозгӯи садоқати родмардон
Ба ифтихори 28-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 23 феврали соли равон дар таълимгоҳ чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву маърифатӣ бо иштироки васеи устодону кормандон ва донишҷӯёну меҳмонон доир гардид.
Ҷамъомади тантанавиро ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода кушода, ҳамагонро бо ин ҷашни фархунда шодбош гуфт. Ӯ, аз ҷумла қайд кард, ки дар тӯли мавҷудияташ Артиши миллии мо собит сохт, ки он ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат, як неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи фазои орому осудаи кишвар маҳсуб ёфта, баҳри ҳифзи марзу буми кишвари маҳбубамон собитқадамона рушд меёбад.
Имрӯзҳо иқтидори Артиши миллӣ таҳким ёфта, ба як ниҳоди пурқудрат ва тавонои дорои кадрҳои баландихтисос табдил ёфтааст. Мо ҳамчун шаҳрванди кишвари маҳбубамон аз дастовардҳои Артиши миллиамон ифтихор намуда, нисбати ҷасорату қаҳрамонии родмардони Ватан ба хотири амнияти кишвар сипосгузорем ва хизмати эшонро қадр мекунем, гуфт ректор.
Дар идома роҳбари таълимгоҳ дар бораи афзалиятҳои хизмати аскарӣ ва мактаби обутоби зиндагӣ будани он андешаҳои хешро иброз дошт. Сипас дар қисми тантанавии чорабинӣ чанд нафар собиқадорони ҷанги Афғонистон ва кормандони собиқи мақомоти қудратии кишвар, аз ҷумла Ҳаитов С., Нозимов Ҳ., Зуҳуров М., Шомуддинов О., Шодмонов М., Давлатов М., Шокиров С., Насриддинов Ф., Қаландаров А. бо Ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон ба як қатор устодону кормандони фаъол, ба мисли Мирҷамолов М., Мухторов З., Мирзоолимов М., Қодиров Ҷ., Холмуродов Х., Ҳокимова М., Тешаева Х. Сипосномаи ташкилоти ҷамъиятии «Боевое братство»-и 201-ум дивизияи Федератсияи Россия тақдим гардид.
Дар чорабинӣ дастаи волейболбозони донишгоҳ, ки дар мусобиқаи ноҳиявӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳ дар байни муассисаю ташкилотҳои ноҳияи Сино баргузор гардида буд, сазовори ҷойи сеюм шуд, бо Ҷоми раиси ноҳия ва медали биринҷӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш дастаи ҳунарии «Ҷавонӣ» бо сарварии Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар ба аҳли нишаст саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва суруду рақсҳои дилнишини фарогири мавзӯи ватандӯстиро бо маҳорати баланд пешниҳод ва рӯҳи ҳозиринро болида сохтанд. Чорабинӣ дар фазои болидарӯҳӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ҳусни анҷом пазируфт.
Машҳура Абдуллоева