Хабарҳо
Қонунияти диалектикии рушди касбият
Зери ҳамин унвон санаи 24.02.2021 бо ташаббуси кафедраи менеҷмент дар ҳамбастагӣ бо шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ, дарси кушоди д.и.и., профессор Ғаниев Таваралӣ Бобоевич бо иштироки доираи васеи устодон ва магистрантони курси 1-ум баргузор гардид. Мавсуф дар раванди дарс қайд намуд, ки дар замони рушди бемайлони муносибатҳои иқтисодию молиявӣ илми идоракунӣ мавқеи марказиро ба худ касб намуда дар он равандҳои муосир, консепсияҳо, назарияҳои нав ба вуҷуд омадаанд, ки моро лозим аст бештар омӯзем ва аз ин навгониҳо борхурдор гашта, касбияти худро такмил диҳем. Зеро яке аз нишондоди асосии ихтисоснокии мутахассисони ҷавон ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ будани онҳо мебошад.
Ҳамзамон иброз доштанд, ки қонунияти диалектикии рушди касбият ин раванди мунтазам ба мақсад нигаронидашудаи тағйири донишҳо, малакаҳо, муносибат ва тафаккури кормандон ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва хизматрасониҳо мебошад. Инчунин профессор Ғаниев Т.Б., оид ба мушкилотҳои вақтшиносӣ дар роҳбарӣ ибрози ақида намуда, қайд намуд, ки оқилона истифода бурдани вақт калиди ҳама муваффақиятҳо баҳисоб меравад.
Дар охири дарси мазкур миёни баромадкунанда ва иштирокчиён саволу ҷавоб ва мубодилаи факор сурат гирифт.