Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Давлатманд боз соҳиби ҷойи якум

Давлатманд боз соҳиби ҷойи якум

Давлатманд Солиев, донишҷӯи курси 1, ихтисоси кори рекламаи факултети иқтисод ва бизнеси ДДМИТ рӯзи 21 феврал дар мусобиқаи кушод оид ба гӯштини зудо (дзю-до) байни наврасону ҷавонон, ки дар шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, иштирок намуда, дар вазни зиёда аз 66 кг соҳиби ҷойи аввал ва Ифтихорнома гардид. 


Мусобиқа бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. 


Ба гуфти Давлатманд, ӯ аз синни нуҳсолагӣ ба ин намуди варзиш машғул гардида, соҳиби 38 медал мебошад ва ҳамеша мавқеи ифтихориро комёб гардидааст. Аз ин шумора 23-тои онҳо ҷойи якум мебошад.