Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Сарчашмаҳои ҳуқуқии мубориза бо маводи мухаддир

Сарчашмаҳои ҳуқуқии мубориза бо маводи мухаддир

Рӯзи 24-уми феврал дар кафедраи фаъолияти гумрукӣ семинари илмӣ-назариявӣ ва методӣ дар мавзӯи «Сарчашмаҳои ҳуқуқии ташкили мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир» баргузор гардид, ки дар он ассисенти кафедра Ҷомӣ Иброҳимов маърӯза намуд. 
Номбурда зимни баромад гуфт, ки таъмин намудани тартиботи ҳуқуқӣ, амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, мубориза бо ҷинояткорӣ вазифаи бевоситаи хизматӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад. 
Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз сарчашмаҳои маблағгузории терроризми байналмилалӣ ва нооромиҳо дар ҷаҳон мебошад. Созмонҳои террористӣ бо истифодаи ин маблағҳо вазъи ҷаҳонро ноором гардонидаанд. Ин ҷиноят хусусияти байналмилалӣ касб намуда, дар рафти он гурӯҳҳои ҷиноятпешаи давлатҳои гуногун муттаҳид гашта, гурӯҳҳои фаромиллии ҷиноятиро созмон медиҳанд. Онҳо дар навбати худ барои амнияти дигар давлатҳо низ хатар эҷод мекунанд. 
Дар охири семинар музокира ва суолу ҷавоб оид ба пешгирӣ ва мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сурат гирифт.