Хабарҳо
“Гунҷишкакон ҳам механданд”
Шоми 25-уми феврал аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ бо сарварии роҳбарият ба тамошои намоиши асари саҳнавии Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ”Гунҷишкакон ҳам механданд” рафтанд.
Намоишномаро саркоргардони театр Қамариддин Мирзоев аз рӯи ҳикояи “Меҳри модар”-и нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо рӯи саҳна овардааст. Дар намоишнома Мавлонбибӣ Наҷмиддинова, ҳунарпешаи Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский дар симои пиразан, писараш Талбак - ҳунарпеша Фаридун Раҷабов, наварӯсаш Парвона - ҳунарпеша Шогун Давлатбекова, модараш - ҳунарпеша Моҳпайкар Ёрова ва ронанда ва дасти рости ӯ Ҷоник - ҳунарпеша Манучеҳр Ҳабибов нақшофарӣ намудаанд.
Дар намоишнома моҷарои рӯзгори як оилаи ҷавон, беқадрии модари пири муштипар ва давлатхоҳиву дунёпарастии модарарӯси домод басо таъсирбахш ва омӯзанда буд, аз ҷониби тамомошобинон хуш пазируфта шуд.
Бояд гуфт, ки театр оинаи зиндагист ва дар он саҳнаҳои рӯзгор инъикос мегарданд, бинобар ин, тамошои намоишномаҳои театрӣ инсонро тарбият карда, барои тақвияти маърифати зеҳнӣ созгор аст.