Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Мулоқоти судманд баҳри тақвияти маърифати ҳуқуқӣ

Мулоқоти судманд баҳри тақвияти маърифати ҳуқуқӣ

Рӯзи 27-уми феврал дар ДДМИТ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохӯрии озоду ошкорои сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид. 
Нахуст ректори донишгоҳ Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ меҳмононро хушомадед гуфта, афзуд, ки зимни ироаи Паёми Роҳбари давлат оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат ба вазорату кумита ва сохторҳои гуногун як қатор дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд. Дар донишгоҳ ҷиҳати иҷрои супоришҳои марбута нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар ин асос тадбирҳои судманд андешида шуда истодааст. 
- ДДМИТ баҳри пешрафти ҷомеа, таълиму тарбияи насли ҷавон ва ба роҳи рост раҳнамунсозии онҳо омодааст, ки ба мақомотҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ ҳамкории густурдаро ба роҳ монад. Хусусан, дар самти тартиботи ҷамъиятӣ ва осоиштагии диёр дар якҷоягӣ бо мақомоти милитсияи пойтахт ҳамкориҳо тақвият бахшида мешаванд, - илова намуд Ш. Хайрзода. 
mrvd401.jpgСипас, Назарзода Шариф Раҳмон дар тақвияти суханони боло гуфт, ки имрӯз фазои сулҳу осоиштагӣ ва тинҷию амонӣ дар ҷумҳурӣ таъмин буда, сол то сол Тоҷикистон ба пешрафтҳои назаррас ноил гардида истодааст. 
Номбурда дар идома ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу маърифатнокии ҷавонон ва соҳибкасбу тахассус гаштани онҳо, пешгирии ҷинояткориву ҳуқуқвайронкунӣ аз ҷониби онҳо изҳори андеша намуд. 
Дар идомаи мулоқот роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт ҷиҳати баланд бардоштани маърифати шаҳрнишиниву шаҳрдорӣ ва ободу зебо гардонидани муҳити атроф, саҳм гузоштан дар пешгириву ошкорнамоии амалу кирдорҳои номатлуб ва ба роҳ мондани ҳамкории зич бо мақомоти милитсия ибрози ақида намуд. Тавре қайд гардид, ҳифзи арзишҳои миллии фарҳангӣ, ваҳдату суботи ҷомеа аз донишу маърифат ва маданияту малакаи ҳар як сокини пойтахт вобастагии калон дорад. 
Сипас байни иштирокдорон ва роҳбарияти мақомоти милитсияи пойтахт мубодилаи афкор ва пешниҳодҳои муфид ҷиҳати мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ сурат гирифта, устодону донишҷӯён хоҳони робитаи бештар бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот будани хешро баён доштанд. 
Аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба сардори РВКД дар шаҳри Душанбе Сипоснома тақдим гардид. 
Дар охир ба як қатор устодону донишҷӯёни фаъоли ДДМИТ, ки бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ ва робитаи зич дошта, дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ саҳмгузоранд, Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид. 


Наврӯз Ҷобиров