Хабарҳо
Бекорӣ ҳамчун проблемаи макроиқтисодӣ
Рӯзи 27 феврал бо ибтикори раёсати илм ва инноватсия бо ҷалби васеи омӯзгорон ва муҳаққиқону аспирантони ДДМИТ семинари илмӣ-методӣ баргузор гардид. Дар семинар устоди кафедраи назарияи иқтисодӣ Ҷаҳонгир Негматов дар мавзӯи «Бекорӣ ҳамчун проблемаи макроиқтисодӣ: масъалагузории умумӣ ва нишондиҳандаҳо» маърӯза намуд.
Зимни баромад Ҷ.Негматов сабабҳо, оқибатҳо ва таъсири бекориро ба ҳаҷми истеҳсолот тавассути консепсияҳои илман асоснокшуда таҳлил намуда, қайд намуданд, ки дар замони муосир бидуни дахолати давлат коҳиши сатҳи бекорӣ ва таъмини шуғли пурра, яъне дар умум танзими мувозинати бозори меҳнат имкониятнопазир аст. Ҳамчунин, илова дошт, ки аввалин маротиба сабабҳои бекорӣ аз ҷониби Т.Малтус охирҳои асри XVIII муайян карда шуда буд, ки ӯ ин падидаро ба ҷараёни демографӣ алоқаманд медонист. Ба ақидаи ӯ, сабаби бекорӣ суръати баланди афзоиши барзиёднуфузии аҳолӣ нисбат ба суръати афзоиши истеҳсолот мебошад. Сабабҳои асосии бекорӣ мувофиқи ақидаи назарияи неоклассикӣ ин ғайричандирии музди кор, талаботҳои баланди коркунон ба музди кор мебошанд.
Дар идома музокира сурат гирифт, ки дар он профессор Ф.Насриддинов, дотсент Е.Мирзоева, устодон И.Сафаров, У.Воҳидов, О.Улуғов, У.Шарипов ва М.Ҷабборова баромад намуда, ҷузъ ва қисматҳои алоҳидаи мавзӯи баррасишударо муҳокима ва хулосабарорӣ намуданд.