Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Рӯзи дарҳои кушод барои довталабон дар ДДМИТ

Рӯзи дарҳои кушод барои довталабон дар ДДМИТ

Шурӯъ аз 1 то 6 марти соли 2021 аз соати 08:00 то 16:00 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои кушод” баргузор мегардад. Раёсати донишгоҳ бо мақсади шиносоии довталабон бо заминаи моддӣ-техникӣ, аз ҷумла синфхонаю озмоишгоҳҳои замонавии ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ, марказҳои тестӣ, китобхонаи электронии пайваст бо шабакаи интернетии ҷаҳонӣ, иқтидори кадрӣ, робитаҳои байналмилалии таълимгоҳ бо донишкадаю донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва дигар шароитҳои таълим дар бинои асосии муассиса гӯшаи иттилоотӣ таъсис додааст, ки хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои шаҳри Душанбе ва, инчунин, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ метавонанд дар бораи донишгоҳ маълумоти заруриро ба даст оранд.