Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун муҳаррики пешбурди саноатикунонии Тоҷикистон

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун муҳаррики пешбурди саноатикунонии Тоҷикистон

Рӯзи 26 феврал дар кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва тиҷорати байналмилалӣ аз ҷониби ассистенти кафедра Ҷ.Шералиев дар курсҳои 4-уми факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ дар мавзӯи «Минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҳамчун муҳаррики пешбурди саноатикунонии кишвар» дарси кушод гузаронида шуд. 
Номбурда дар рафти дарс моҳияти мавзӯъро шарҳ дода, қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расидан ба афзалиятҳои миллӣ тавассути рушди минтақаҳои кишвар, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолию содиротии мамлакат ва дар ин раванд ҷалби ҳарчи бештари сармояи хориҷӣ ба кишвар, айни ҳол 5 минтақаи озоди иқтисодӣ таъсис дода шудааст. 
Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон бо мақсади таъмини шароити мусоид ҷиҳати суръатбахшии саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла барои таъмини аҳолӣ бо ҷои кор, рушди бемайлони иқтисодиёт дар асоси технологияи инноватсионӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадами хориҷӣ, муттаҳидсозӣ ва истифодаи маҷмӯии сармояи давлатӣ, тиҷоратӣ ва хориҷӣ, санҷиши усулҳои нави хоҷагидорӣ, ки ба омезиши шаклҳои гуногуни моликият асос ёфтаанд, дар иқтисодиёт ҷорӣ намудани ихтироот ва коркарди илмию техникии ватаниву хориҷӣ бо истифодаи минбаъдаи онҳо дар дигар ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ: густариши истеҳсоли молҳои истеъмолӣ ва хизматрасониҳо, афзун намудани содироти маҳсулот ва ҳалли дигар вазифаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ такшкил шудаанд. 
Дар анҷоми дарси кушод музокира ва суолу ҷавоб оид ба расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ, тарзу усули корбарӣ ва роҳҳои амалигардонии сиёсати саноатии кишвар сурат гирифт.