Хабарҳо
Терроризм ва хатари он ба ҷомеа
Бо мақсади иҷрои банди 22 ва нақша-чорабиниҳои ДДМИТ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 марти соли равон бо ибтикори факултети технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт мизи мудаввар бо иштироки васеи устодону донишҷӯён дар мавзӯи «Терроризм дин, мазҳаб, миллат ва давлат надорад» баргузор гардид. Нахуст декани факултет И.Неъматов мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, дар идомаи суханрониаш дар бораи мубрам будани мавзӯъ ва огоҳ намудани донишҷӯён аз амалҳои террористию экстремистиро зарур шуморид.
Баъдан, Давлатзода Абдулло, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ доир ба мавзӯъ маърӯза намуд. Дар давоми маърӯзаи худ қайд намуд, ки терроризм яке аз роҳҳои баамалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.
Илова шуд, ки имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидҳо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарӣ боқӣ монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабариро касб мекунад. Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шуданд. Ихтилофу зиддият, номуросоӣ, бартарӣ ва афзалият гузоштан дар миёни равия ва мазҳабҳои гуногуни динӣ яке аз сарчашмаҳои рух додани чунин амалу кирдорҳои ваҳшиёна гардида, дар ин миён масҷиду калисо, ибодатгоҳҳо ва ҷойҳои барои мардум муқаддас ҳадафи террористон қарор мегиранд.
Дар фарҷом, саволҳо доир ба мавзӯъ аз ҷониби донишҷӯён пешниҳод гардид, ки посухҳо мавзӯъро пурратар намуданд.
Мубораки Назримад, эдвайзер оид ба тарбияи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт