Хабарҳо
Ҳисоботи Шӯрои занон
Рӯзи 1 март ҷаласаи ҳисоботии Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони ДДМИТ доир гардид, ки дар он кормандону омӯзгорон ва донишҷӯдухтарон ширкат доштанд.
Онро бо сухани ифтитоҳӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Бунавша Қодирова кушода, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода, таваҷҷуҳи Роҳбари давлатро ба мақоми зан дар ҷомеа хеле бориз донист.
Сипас Т.Умаралиева дар бораи фаъолияти яксолаи Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарони ДДМИТ ҳисобот дод. Мавсуф қайд намуда, ки новобаста ба паҳншавии бемории ҳамагири короновирус занону бонувон фаъолияти худро дар тамоми самтҳо дуруст ба роҳ монданд ва дар соли сипаригардида аз ҳисоби занҳо 7 нафар рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуда, сафи олимаҳоро бештар карданд.
Ҳамзамон, ӯ аз чанд нафар духтарони фаъол ном бурд, ки дар озмунҳои шаҳрию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намунавӣ гардидаанд ва аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар дарёфти истеъдодҳо беаҳамият набошанд.
Дар идома, Аслонова Н., Абдулвоҳидова Ф., Давлатова М. дар музокира баромад карда, фаъолияти яксолаи Шӯрои занон ва донишҷӯдухтаронро қаноатбахш арзёбӣ карданд.
Дар охир Низомномаи Шӯрои занон ва донишҷӯдухтарон ва нақша-чорабиниҳои ин бахш ва аъзои нави раёсати Шӯро қабул гардид.
Дар масъалаҳои ҷорӣ дар бораи риояи пӯшидани либосҳои тавсиявӣ, тақвияти худшиносии миллии бонувону духтарон, дурӣ ҷустан аз бегонапарастӣ ва пайвастшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ табодули андеша карда шуд.
Машҳура Абдуллоева