Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Тарғибу ташвиқи асарҳои баландмазмуни Пешвои миллат

Тарғибу ташвиқи асарҳои баландмазмуни Пешвои миллат

Бо мақсади тарғибу ташвиқи мутолиаи асарҳои баландмазмуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои бадеӣ ва бо ин васила, барои боз ҳам баланд бардоштани завқи китобхонӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ташаккули афкори солим ва васеъ намудани ҷаҳонбинии устодони донишгоҳ бо фармоиши ректори ДДМИТ Шукрулло Хайрзода гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. 
Ҳайати гурӯҳи корӣ аз раис Хайрзода Ш.Қ. – ректор, муовини раис Абдуалимзода Ҳ.А. – муовини якум, муовини ректор оид ба таълим, аъзоён Сафаров Б.Г. – муовини ректор оид ба илм, Қодиров Ф.А. – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Қодирова Б.А. – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Убайдуллоев Ф.К.- директори Парки технологӣ, Раҳмонов М. – мудири кафедраи забони тоҷикӣ, Насриддинов Х. – мудири кафедраи умумидонишгоҳии фанҳои гуманитарӣ, Давлатзода А.- сардори раёсати корҳои тарбиявӣ ва котиб Мирзоева Е.Ш. – сардори раёсати илм ва инноватсия иборатанд. 
Вобаста ба фармоиши ректор ҳар як мудири кафедра ва устодони донишгоҳ дар давоми таътили зимистона на кам аз панҷ китоби бадеӣ ва асарҳои баландмазмуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мутолиа намоянд. 
Рӯзи 1-уми март бо иштироки гурӯҳи корӣ бо сарварии ректор дар толори мутолиаи асарҳои Пешвои миллат санҷиши азхудкунии асарҳои мутолианамудаи устодони кафедраҳо оғоз ёфт. 
Бояд гуфт, ки феълан китобхонӣ дар байни ҷомеа ба тамоюл ва ҷараёни густурда табдил ёфтааст ва хурду бузург ҳама рӯ ба мутолиа овардаанд, ки кормандону устодони донишгоҳ низ дар қатори ононанд.