Хабарҳо
Баррасии нақши бозори коғазҳои қиматнок дар иқтисодиёт
Бозори коғазҳои қиматнок барои низоми молиявии мамлакат аҳамияти муҳим дорад. Коғазҳои қиматнок ва махсусан коғазҳои қиматноки давлатӣ дар аксар мамлакатҳо барои татбиқи сиёсати пулию қарзӣ тавассути гузаронидани амалиёт дар бозори озод истифода мегарданд. Ғайр аз, ин низомҳои ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок барои саривақт дастрас намудани гарав барои гузаронидани пардохтҳо ё дигар мақсадҳо зарур мебошанд. Вобаста ба ин, рӯзи 3-юми март бо ташаббуси кафедраи фаъолияти биржавӣ мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзӯи «Асосҳои ташкилӣ ва усулҳои татбиқи Стратегияи рушди бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Дар мизи гирд Умеда Раҳмонова, директори генералии ҶСК «Биржаи фондии Осиёи Марказӣ» маърӯза намуд. Ӯ гуфт, ки баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ва гузаштан ба иқтисоди бозорӣ корхонаву ширкатҳо дар шаклҳои гуногуни моликият рӯи кор омаданд. Таъсиси ҷамъиятҳои саҳомӣ зарурати фаъолгардонии бозори коғазҳои қиматнокро пеш овард. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди бозори молиявӣ, аз ҷумла бозори коғазҳои қиматнок, ки иқтисодиёти миллӣ ба он ниёзи хосса дорад, аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, нисбати пай дар пай ташаккулёбии он чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Ташаккулёбии бозори коғазҳои қиматнок дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мусоиди иқтисодӣ қарор дошта, барои фаъолияти пурсамари бозори фондӣ шароитҳои зарурӣ муҳайё гардидаанд.
Номбурда илова дошт, ки ҳамаи низомҳои ҳисоббаробаркунию клирингӣ аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок зери назорати мақомоти ваколатдор, яъне Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон фаъолият мекунанд. Ин ниҳодҳо бо мақсади таъмини эътимоднокӣ, самаранокӣ ва мувофиқ намудани низомҳо ба стандартҳои байналмилалӣ чораҳои муайян андешида, онҳоро интишор менамоянд. Байни мақомоти дахлдор барои иҷрои вазифаҳои назоратӣ вобаста ба низомҳои ҳисоббаробаркунию клирингӣ аз рӯи амалиёт бо коғазҳои қиматнок ҳамкории мутақобил ба роҳ монда мешавад.
Ёдовар гардид, ки дар робита ба ин масъала бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бозори коғазҳои қиматнок як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва тасдиқ гардидаанд.