Хабарҳо
Модар фаришта буд
Бахшида ба Рӯзи Модар дар факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ, таҳти унвони «Модар фаришта буд» баргузор гардид.
Дар оғоз декани факултет Меҳтархон Содиқов иброз дошт, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.
Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд.
Дар бораи нақши занон дар ҷомеаи Тоҷикистон дотсент Миҷгона Холинова маърӯза намуд. М. Холинова гуфт, ки имрӯзҳо пешрафти дилхоҳ соҳаро бе иштироки занону духтарон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарон дар ҷомеа мақоми хосса пайдо кардаанд. Ҳоло дар ҳама соҳаҳои ҳаёт иштироки фаъолонаи занону духтарон зиёд ба мушоҳида мерасад. Даврони соҳибистиқлолӣ дар назди ҷавонон, аз ҷумла занону духтарон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пеш гузошт.
Номбурда илова кард, ки бо боварӣ метавон гуфт, ки имрӯз зани тоҷик бо хираду офаридгорӣ, меҳру муҳаббат, самимият, тамкину сабр, иффату ахлоқи ҳамида, тарбиятгарию бунёдкорӣ неруи бузург ва созандаи ҷомеаро роҳнамоӣ карда метавонад.
Дар идома аз ҷониби донишҷӯён дар ситоиши модар шеърҳо қироат карда шуд.