Хабарҳо
Манзалати баланди бонувон
Рӯзи 3-юми март дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии идона баргузор гардид. Ҷамъомадро декани факултет Илҳомиддин Неъматов ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар кишварамон гувоҳи равшани мақому манзалати баланди бонувон дар ҷомеа мебошад.
Дар идома Бунавша Қодирова, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ таъкид намуд, ки модар олиҳаи меҳр буда, тарбиятгари кулли башарият мебошад. Ҳар нафар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасаду эҳтиромашро ба ҷо орад, зеро хушбахтии ҳар инсон аз дуои неки модар сарчашма мегирад.
Дар чорабинӣ наврасону ҷавонон иштирок ва дар васфи модар шеърҳо хонда, саҳначаҳои ҷолиби диданиро, ки таҷассумгари меҳру муҳаббати беинтиҳои модар буданд, пешкаши тамошобинон намуданд.
Таъкид гардид, ки мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки имрӯз бонуи тоҷик роҳбари кордон, муаллими донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва албатта, тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.
Дар интиҳои ҷамъомад чанде аз бонувон ва донишҷӯдухтарони фаъол бо туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.