Хабарҳо
Вохӯрии судманди масъулини кор бо ҷавонон
Рӯзи 2-юми март дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар миёни донишҷӯёни факултети молия ва қарз, ки тибқи нақшаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон дар ҳамбастагӣ бо раёсати донишгоҳ бо усули «Факултетет ба факултет» роҳандозӣ гардидааст, баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ М. Гулов, мутахассиси раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, А. Давлатзода, сардори раёсати корҳои тарбиявӣ ва А. Нурализода, декани факултети молия ва қарз иштирок намуда, дар бораи тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳувияти миллӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, инчунин дигар самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон суханронӣ намуданд.