Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Барасмиятдарории гумрукӣ ва тартиби истифодаи равзанаи ягона

Барасмиятдарории гумрукӣ ва тартиби истифодаи равзанаи ягона

3 март дар кафедраи фаъолияти гумрукӣ бо иштироки намояндагони КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук ва устодон дар самти барасмиятдарории гумрукӣ ва тартиби истифода бурдани равзанаи ягона ҳангоми воридот, содирот ва транзити молу воситаҳои нақлиёт дарси кушод баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни курси 4 ихтисосҳои 1-960101 - хадамоти гумрук ва 1-96010102 - таъмини иқтисодии фаъолияти гумрукӣ ширкат варзиданд. 
Сараввал дотсент Қ. Мираков оид ба тартиб ва марҳалаҳои барасмиятдарории мол ва воситаҳои нақлиёт маълумот дод. 
Сипас, сардори бахши КВД «Маркази Равзанаи ягона»-и Хадамоти гумрук Хуршед Латипов оид ба мақсад ва марҳалаҳои амалӣ намудани низоми Равзанаи ягона бо истифода аз слайдҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд. 
Бояд тазаккур дод, ки манфиатнокии кори низоми Равзанаи ягона ба иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидор имкон медиҳад, ки ҳамаи маълумот оид ба содирот, воридот ва транзити молу маҳсулотро, ки аз тарафи мақомоти танзимкунанда талаб мешавад, дар шакли ягона танҳо як маротиба равон карда, бо ҳамин шабака то 22 ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳоро дар шакли электронӣ дастрас намояд. 
Ба низоми Равзанаи ягона 69 нуқтаи барасмиятдарории дархостҳои субъектҳои хоҷагидор ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва сертификатҳо дар саросари ҷумҳурӣ пайваст шудаанд. 
Дар охир, мудири кафедраи фаъолияти гумрукӣ иброз дошт, ки дар оянда низ ҷиҳати ҳамкориҳои судманд бо воҳидҳои сохтории Хадамоти гумрук бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ корҳои таълимиро (дар самти гузаронидани дарсҳои амалӣ, лабораторӣ ва таҷрибаомӯзӣ) боз ҳам ҷоннок менамоянд. 


Қ. Мираков, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ