Хабарҳо
Таҷлили Рӯзи Модар дар факултети муносибаҳои иқтисоди байналмилалӣ
Ҳамасола дар сартосари кишвар 8 март ҳамчун Рӯзи Модар қайд карда мешавад. Ба ҳамин хотир санаи 4 март бо ибтикори факултети муносибаҳои иқтисоди байналмилалӣ чорабинии фарҳангӣ - фароғатӣ бо иштироки васеи устодони донишгоҳ ва донишҷӯён баргузор гардид.
Нахуст декани факултет Қ.Муқимов чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз бузургӣ ва қадру манзалати Зан-Модар ёдовар гардид. Мавсуф ҳалимиву меҳрубонӣ, нафосату покизагӣ ва даҳҳо сифатҳои хоси Зан-Модарро васф намуда, занро тароватбахши зиндагӣ, сарчашмаи ҳаёт ва фариштаи замин унвон карда, тамоми кормандзанон ва донишҷӯдухтарони донишгоҳро, дар шахсияти онҳо ҳамаи занону духтарони сарзамини Тоҷикистонро бо идашон табрик гуфт.
Баъдан сардори раёсати корҳои тарбиявӣ Абдулло Давлатзода низ бонувонро табрик намуда, қайд кард, ки сиёсати имрӯзаи давлату миллат, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави Тоҷикистон ва берун аз он ба мавқеи зан арҷ гузоштанро талқин менамояд. Зеро Зан-Модар тарбиятгари насли инсоният буда, сарсабзӣ ва ободии рӯзгори аҳли башар ба занон алоқамандӣ дорад. Дар идома бонувони фаъоли факултети муносибаҳои иқтисоди байналмилалӣ, Давлатова Мавҷуда, Мамадбекова Насаб, Файзуллоева Сарвиноз, Давлатшоева Заррина, Сафарова Мавзуна, Сангинова Шоира ва Султонзода Мунзифа аз ҷониби декани факулта бо сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Дар охир, аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба «Рӯзи модарон» аз қабили қироати шеър дар васфи модар, тарона, саҳначаи ҳаҷвӣ, бадеҳасароӣ ва намоиши либосҳои миллӣ пешкаши ҳозирин гардид. Бояд қайд намуд, ки чорабинӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, таъби иштирокчиёнро болида гардонид.
Бибиноз Муродалиева