Хабарҳо
Зермаҳфили “Зеҳн”
Тибқи нақшаи кории зермаҳфили “Зеҳн”-и факултети ҳисобдорӣ ва омор санаи 4 марти соли равон бо ташаббуси кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷалби мутахассисони соҳа, ҳайати устодон, кормандон ва донишҷӯён маҳфили илмӣ дар мавзӯи “Мақоми тавозуншиносӣ дар татбиқи сиёсати молияи давлатӣ” баргузор гардид. Нахуст декани факултет н.и.и., дотсент Ҷурахонзода Б.Ҷ. маҳфилро ифтитоҳ намуд. Мавсуф меҳмони маҳфили илмӣ, директори ширкати аудитории байналмилалӣ: ҶДММ «ПКС Тоҷикистон» А.Ш.Комилов, устодон ва донишҷӯёнро хайрамақдам гуфта, муҳимияти ташкил ва баргузории чунин маҳфилҳои илмиро ба манфиати муҳассилин ва устодону кормандони факултет ҳисобид. Қайд карда шуд, ки маърӯзаи илмии имрӯза яке аз мавзӯъҳои актуалӣ буда, ба устодон ва донишҷӯёни ихтисосҳои марбутаи факултет имконият медиҳад, то аз навгониҳои соҳаи ҳисобдорӣ огаҳӣ пайдо намоянд.
Сипас сухан ба мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ н.и.и., дотсент С. Маъдиев дода шуд ва ӯ зимни суханронии худ қайд намуд, ки кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ чун ҷузъи асосии факултет дар асоси нақшаи кории зермаҳфили «Зеҳн»-и факултет кӯшиш ба харҷ медиҳад, то мутахассисони касбии соҳаро ба маҳфилҳо ҷалб намуда, дар ин замина алоқамандии назария ва амалияро таъмин намояд, ки ин тибқи стандартҳои таҳсилоти олӣ ва талаботҳои бозорӣ барои омода намудани мутахассисони касбӣ мусоидат мекунад.
Сипас А.Ш. Комилов дар мавзӯи “Мақоми тавозуншиносӣ дар татбиқи сиёсати молияи давлатӣ” маърӯза намуд. Дар маърӯзаи худ иброз дошт, ки шаффофияти ҳисоботи корхонаю ташкилотҳо ва дар ин замина истифодаи самараноки воситаҳои давлатӣ аз дуруст барасмиятдарории тавозуни муҳосибӣ вобастагӣ дорад. Ҳисоботи молиявӣ, ки дар шакли тавозуни муҳосибӣ омода карда мешавад, бояд маълумотро оид ба ҳолати молиявӣ, фаъолияти молиявию хоҷагии корхона, тағйиротҳо дар ҳолати молиявӣ ва ҳаракати воситаҳои хоҷагиро инъикос намояд.
Ҳамин тавр, баъди хотимаи маърӯза саволҳо аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод гардида, ба саволҳо посухҳои қаноатбахш ва асоснок дода шуд.
Котиби зермаҳфили «Зеҳн», муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Саидов Р.Н.