Хабарҳо
Чорабинӣ таҳти унвони «Васфи модар»
Рӯзи 3 март дар факултети ҳисобдорӣ ва омор бахшида ба Рӯзи Модар чорабинии фарҳангӣ-фороғатӣ таҳти унвони «Васфи модар» баргузор гардид. Дар оғоз декани факултет Б. Ҷурахонзода иброз дошт, ки бузургони олам аз қадим то ба имрӯз раҳму шафқат, фазилату порсоӣ, фурӯтаниву хоксорӣ, заҳмату бедорхобиҳои модарро ситоиш мекунанд ва ба номи покаш ҳамду сано мехонанд. Бинобар ин, мо низ рисолати инсонофариву ҳаётбахши модаронро ҳамеша қадр мекунем ва ба сиришти поку номи неки онҳо аҷр мегузорем.
Сипас муовини ректор оид тарбия Б. Қодирова қайд кард, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону модарон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа як силсила тадбирҳои судмандро амалӣ гардонид. Истиқлолияти давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори Зан-Модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавииродаву боҷасорати моро ба арсаи васеи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи неруи ватанхоҳиву бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт.
Ҳамчунин, илова гардид, ки занону модарони бонангу номуси мо ҳанӯз дар даврони ниҳоят мушкили оғози истиқлолият обрӯ ва шарафи мамлакатро ҳифз намуданд, ба хотири ҳифзи ҳуқуқи худ мисли Гурдофаридҳо ба қиём баромаданд, дар таҳкими давлат, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми бисёр арзишманд гузоштанд.
Дар идома як қатор устодон ва донишҷӯдухтарони факултет бо Ифтихорнома аз ҷониби садорати факултет сарфароз гардонида шуданд.