Хабарҳо
Модар фариштаи фаршедаи ҳаёт
Бо чунин унвон санаи 4 март ҳамоиши бонувони донишгоҳ доир гардид, ки фарогири изҳори меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ нисбати Модар буд ва дар он бонувони фаъоли донишгоҳ ширкат доштанд.
Ҳамоишро бо сухани табрикотӣ сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ Абдулло Давлатзода кушода, аҳли нишастро бо Рӯзи Модар муборакбод гуфт ва таъкид дошт, ки ҳеҷ як эҳсосот меҳру муҳаббати модарро иваз карда наметавонад. Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар сиёсати худ нисбати модар арҷгузориву посдориро талқин менамояд. Бинобар ин, ба ивази бедорхобию ранҷҳои кашидаи модар моро зарур аст, ки пеши пои ин отифаи меҳр сари таъзим фуруд орем, гуфт Давлатзода А. Мавсуф бо ифодаи шеъри таъсирбахше дар васфи модар бузургии ин олиҳаро тараннум кард.
Баъдан Фирӯза Абдулвоҳидова, устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ баромад карда, бузургии модарро бо овардани мисолҳои мушаххас аз ҳаёти ҳамарӯза собит сохт. Мавсуф аз таърихи ҷашни 8 март ёдовар шуда, ба ҳамин рӯз мувофиқ омадани Рӯзи Модарро дуруст ва рамзӣ хонд.
Дар баромади профессори кафедраи забони тоҷикӣ Наргис Аслонова бузургии модар аз забони нобиғаҳои олам ва шоирони тоҷик гуфта шуд. Профессор таъкид дошт, ки ҳама бузургони олам бо панду андарзҳои хеш фарзандро ба хидмати модар роҳбаладӣ намудаанд. Шеърҳо дар васфи модар, ки аз ҷониби муаллима қироат гардид, басо дилчасп ва таъсирбахш буд.
Нилуфар Назарова, устоди кафедраи информатикаи амалӣ бошад, бузургии модарро бо овардани ривояте нишон дода, арз дошт, ки хуршеди лутфу меҳрубонии ин отифа ҳамвора хонаҳоро гарм мекунад. Модарон беҳтарин муаллима дар хонавода маҳсуб мешаванд ва саҳми онҳо дар тарбияи насли наврас хеле бузург аст.
Дар қисмати фарҳангӣ аз ҷониби донишҷӯёни факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ суруд дар васфи модар, саҳначаи ҳаҷвӣ ва дуэт намоиш дода шуд, ки басо ҷолиб ва диданӣ буд.
Машҳура Абдуллоева