Хабарҳо
Вохӯрӣ бо олимону профессорон баҳри мустаҳкамгардонии пояҳои илмии ДДМИТ
Рӯзи 4 март вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода бо олимону профессорони соҳаи иқтисоди донишгоҳ доир гардид. Дотсент Шукрулло Хайрзода иброз дошт, ки мо бояд ба олимони ҷавони соҳаҳои иқтисодиёт роҳи васеъ кушода, барои онҳо имконият фароҳам орем, ки дастоварду ихтироот ва маҳсули эҷоди худро ба дигарон муаррифӣ созанд. Махсусан, ҷалби ин табақаи неруманд ба омӯзиши илм ва аз худ кардани техникаву технологияҳои муосир аҳамияти бағоят муҳим дорад. Маҳз бо ҳамин сабаб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илм диққати махсус дода, ҷалби муҳаққиқони ҷавонро ба ин соҳаи муҳим аз ҷумлаи масъалаҳои аввалиндараҷа мешуморанд. Аз ин рӯ, сохторҳои илмиву таълимии донишгоҳро зарур аст, ки омӯзиши илмҳои муосир, бахусус, илмҳои табииву риёзиро ҷиддӣ ба роҳ монда, баргузории маҳфилу чорабиниҳои илмиро бештар созанд ва донишҷӯён, магистрантон ва докторантонро ба чунин чорабиниҳо ҳарчи бештар ҷалб намоянд.
Ректор таъкид дошт, ки олимон ва профессоронро зарур аст, ки ба рушди минбаъдаи илмҳои дақиқ, табиатшиносиву техникӣ ва ба талаботи ҷомеа равона сохтани неруи илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, фаъолияти худро дар самти ихтироъкориву навоварӣ, ҳамчунин, ҷалби унвонҷӯёни болаёқат ба корҳои илмӣ ва ихтироъкорӣ боз ҳам ҷоннок намоянд.
Ҳамчунин, роҳбарияти таълимгоҳ дар охир иброз дошт, ки мо ба неруи созандаи олимону профессорони муассиса бовару эътимод дорем ва минбаъд низ пайваста ба ин неру такя хоҳем кард.