Хабарҳо
Бузурдошти Зан – Модар
Бахшида ба Рӯзи Модар санаи 4 март дар факултети молия ва қарз чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ бо иштироки занону бонувон ва донишҷӯдухтарон баргузор гардид. Декани факултет Амрулло Нурализода зимни баромад қайд кард, ки сол ба сол дар сатҳи баланди давлатӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намудани Рӯзи Модар аз таваҷҷуҳу эҳтироми пайвастаи Пешвои муаззами миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Зан - Модар гувоҳӣ медиҳад. Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки сафи омӯзгорону кормандон дар донишгоҳ аз ҳисоби занону бонувони болаёқату кордон нисбат ба солҳои пешин бамаротиб афзудааст. Таъкид гардид, ки имрӯз занону модарон дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатии кишвар сарбаландона кору фаъолият доранд.
Чорабинӣ бо қироати шеър, суруд дар васфи Зан - Модар ва саҳнаҳои тарбиявӣ ҳусни анҷом пазируфт.