Хабарҳо
Ташрифи фаъолони ҲХДТ ба КИИ «Молия ва иқтисод»
Дар идомаи курси бозомӯзӣ барои раисони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки ҳанӯз рӯзи 1 март дар мавзӯи “Оиннома ва Барномаи ҲХДТ– меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ” шурӯъ шуда буд, намояндагони фаъоли ҲХДТ ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф оварданд. Гурӯҳи фаъолони ҲХДТ-ро Қиёмиддин Миралиён, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарварӣ менамуд, ки онҳо аз фаъолияти КИИ ҲХДТ «Молия ва иқтисод»-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз наздик ошно шуданд.
Ҳадаф аз баргузории курси бозомӯзӣ барои роҳбарияти кумитаи иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо тақвияти маҳорати касбии кормандони ҳизбӣ, омӯзиши роҳу василаи муосири корбарӣ миёни мардум, беҳтар намудани корҳои дохилиҳизбӣ, татбиқи самараноки санадҳои муҳими вобаста ба ҳизб ва дарёфти тарзу усулҳои фаъолияти ҷавобгӯй ба талаботи рӯз мебошад.
Зимни боздид таъкид гардид, ки аъзои фаъоли ҲХДТ бояд дар ҳалли масъалаҳои ҳамарӯзаи ҳаёти мардум корбарӣ намуда, дар ҳаллу фасли муроҷиатҳои онҳо вобаста ба мушкилоти мавҷудаи ҷомеа ва ба амалҳои созандаву бунёдкорона мусоидат намоянд.
Ёдрас бояд шуд, ки чорабинии мазкур то охири ҳафтаи равон идома хоҳад ёфт.