Хабарҳо
Модарон арзандаи лутфи накуянд то абад
Модар чун офарандаи ҳаёт дар рӯйи замин ва сарчашмаи меҳру вафо ва муҳаббату самимият ба ҳама арҷгузориву эҳтиром арзанда аст. Модарони тоҷик тӯли солҳо бо қаҳрамониву далерӣ ва меҳнату фидокорӣ баҳри фарзандон ва ояндаи дурахшони онҳо талош варзида, ҳамеша беҳтарин будани хешро бо амал исбот намудаанд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббусу ғамхориҳои рӯзафзуни Роҳбари олии мамлакат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мартабаи занону модарон баланд бардошта шуда, дар вазорату идораҳо ва кумитаву сохторҳои мухталиф сафи кормандзанон меафзояд.
Роҳбари давлат зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар баробари баррасии дигар самтҳо, ба масъалаи мавқеи занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Пешвои миллат, аз ҷумла зикр карданд, ки: «Дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад».
Ба иттилои Роҳбари давлат «Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд».
Боиси хурсандист, ки дар ДДМИТ низ ба масъалаи ҷалби занону бонувон ба кору фаъолият аҳамияти махсус дода мешавад ва теъдоди зиёди занон машғули таълиму тадрис ва корҳои илмӣ мебошанд. Дар ДДМИТ 247 нафар кормандзанон кору фаъолият менамоянд. Хушбахтона, дар таълимгоҳ 1 нафар ноиби ректор, 4 мудири кафедра зан, 1 нафар сардори раёсат ва 3 нафар сардорони шуъба мебошанд. Аз шумораи умумии профессорон, ки дар донишгоҳ ба таълиму тадрис машғул ҳастанд, 5 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Рӯз то рӯз сафи олимаҳо низ меафзояд. Аз ҷумла, соли 2020 аз ҳисоби занҳо 7 нафар рисолаи номзадии худро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Имрӯз дар донишгоҳ 2370 нафар донишҷӯдухтар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамин тавр, саҳми бонувону духтарон дар пешбурди фаъолияти ҳаматарафаи таълимгоҳ густурда аст ва мо бо онҳо мефахрем.
Дар охир, аз фурсати муносиб истифода бурда, занону бонувони донишгоҳ ва дар симои онҳо тамоми модарони тоҷикро бо фарорасии Рӯзи Модар, ки ба оғози баҳори нозанину дилрабо рост меояд, муборакбод намуда, ба онҳо сиҳатмандии комил, иқболи нек, умри дароз ва хушиҳои зиндагиро таманно дорам. Бигзор, дили занону бонувон ҳамеша монанди чашмаҳои кӯҳистони диёрамон поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошад!
Хайрзода Ш.Қ., ректори ДДМИТ