Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Зиндагӣ зебост, аммо зеби ин дунё зан аст!

Зиндагӣ зебост, аммо зеби ин дунё зан аст!

Санаи 6-уми март дар ДДМИТ ба ифтихори Рӯзи Модар бо иштироки доираи васеи устодону кормандон ва донишҷӯён чорабинии бошукӯҳи фарҳангиву фароғатӣ доир гардид. 
Ҷамъомадро ректори таълимгоҳ Шукрулло Хайрзода ифтитоҳ намуда, модарон ва бонувонро бо ин рӯзи фархунда табрик намуд. Мавсуф аз бузургии модар ёдовар гардида, зикр намуд, ки тамоми сарчашмаи эҷоду илҳоми шоирону нависандагони бузург модар аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷудоте нест. 
Сипас, натиҷаи ҷамъбасти озмун, ки таҳти унвони «Модар фариштаи фаршедаи ҳаёт» санаи 5-уми март миёни факултетҳо баргузор гардида буд, эълон карда шуд. Дар ин озмун ҷойи якумро факултети молия ва қарз, ҷойи дуюмро факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ ва мақоми сеюмро факултети иқтисод ва бизнес ишғол намуданд ва садорати факултаҳо бо Диплом мукофотонида шуданд. 
Ҳамзамон, ба як қатор кормандзанони фаъол, ба мисли профессори кафедраи молия М. Кошонова, сармутахассиси раёсати таълим З. Шарипова, муаллимаи калони кафедраи суғурта Р. Тағоева ва кормандони хоҷагидорӣ Г. Холова ва Ҷ. Назрибекова бо туҳфаҳои хотиравӣ ва Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд. 
Инчунин, ба дигар кормандзанон мукофотпулӣ дар ҳаҷми 350 сомонӣ барои унвондорон ва 250 сомонӣ барои дигар кормандон тақдим гардид. 
Дар қисмати фарҳангӣ дастаи ҳунарии «Ҷавонӣ» бо сарварии Ҷӯрамуроди Муҳаммадназар ба аҳли нишаст шеъру тарона, саҳначаҳои ҳаҷвӣ ва суруду рақсҳои дилнишин фарогири мавзӯи модарро бо маҳорати баланд пешниҳод ва рӯҳи ҳозиринро болида намуданд. Чорабинӣ дар фазои идона ҳусни анҷом пазируфт. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Бибиноз Муродалиева