Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ҳадафи озмун: Арҷгузорӣ ба Зан-Модар

Ҳадафи озмун: Арҷгузорӣ ба Зан-Модар

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати Зан-Модар, донишандӯзӣ, аз худ намудани касбу ҳунар ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёну магистрантони лаёқатманд, бо ташаббуси Раёсати корҳои тарбиявӣ озмун ташкил карда шуд. Озмун дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Модар санаи 5 марти соли равон байни донишҷӯёни факултетҳо аз рӯи беҳтарин тасвири акси модар, эҷоди беҳтарин шеър ва тарона аз ҷониби иштирокчиён, беҳтарин қироати шеър, беҳтарин тарона дар васфи модар ва беҳтарин суруди аллаи Модар дар сатҳи баланд доир гардид. 

Барои баргузории озмун тамоми факултетҳо омодагии хеле хуб дида буданд, ки яке аз дигарӣ бартарӣ ва афзалият дошт. Иштирокчиён аз рӯи панҷ номинатсия ва берун аз он саҳнаҳои тарбиявӣ ва ҳаҷвӣ омода намуданд, ки ҳама бозгӯи бузургии модар буд. 



 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg  Donsh400.jpg

Ҳар як иштирокчии озмун қироати шеъру тарона, эҷоди шеъру тарона дар васфи модар ва тасвири акси модарро бо як ҷаҳон эҳсоси пур аз муҳаббат ва лутф нисбати ин олиҳаи зиндагӣ иҷро намуданд. 
Озмунро ҳайати ҳакамон иборат аз 7 нафар аз рӯи маҳорату лаёқати иштирокчиён ва сатҳи омодагии онҳо воқеӣ ва шаффоф баҳогузорӣ карданд. Аз ҷараёни озмуни мазкур меҳмонон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дидан намуда, ба омодагӣ ва лаёқати иштирокчиён баҳои баланд доданд. 
Ҳамин тавр, озмун ҷамъбаст гардид ва ғолибон дар ҷаласаи идона бахшида ба Рӯзи Модар бо Ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд. 
Ҳадафи озмун арҷгузорӣ ба Зан-Модар, дарёфт намудани истеъдодҳо ва ташаккул додани малакаи эҷодии толибилмон, бедор намудани шавқмандӣ ба касбу ҳунарҳои мардумӣ ва муҳайё намудани шароит барои инкишофи қобилияти зеҳнии донишҷӯён мебошад. 


Машҳура Абдуллоева