Хабарҳо
Нахустҷаласаи Шӯрои илмии магистрантон
Рӯзи 10-уми март нахустин ҷаласаи Шӯрои илмии магистрантони ДДМИТ таҳти унвони «Иқтисодчиёни муосир» баргузор гардид. Зимни ҷаласа раиси Шӯро Валишер Тоҳиров, магистранти курси 1, ихтисоси аудит ва ревизия гуфт, ки мақсади асосии ташкили ин шӯро гузаронидани конференсияҳо, семинарҳо, симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои илмӣ дар ДДМИТ мебошад.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки ҳадафи дигари созмон ёфтани шӯро - ҳамкорӣ бо дигар зерсохторҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокии омадасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ аст.
Бояд ёдовар шуд, ки Шӯрои илмии магистрантон фаъолияти худро дар сохтори шуъбаи омадакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои ректор, супоришҳои муовини ректор оид ба илм ва сардори шуъбаи омадакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар охир сардори раёсати илм ва инноватсия Е.Мирзоева, Н.А.Попов, сардор ва Д. Саидзода сармутахассиси шуъбаи омадакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ оид ба ташкили ин шӯро суханронӣ намуданд.