Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Ободонӣ ба истиқболи Наврӯз

Ободонӣ ба истиқболи Наврӯз

Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои ободкорӣ ва кабудизоркунӣ бахшида ба иди байналмилалии Наврӯз ва ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ДДМИТ рӯзи 13 март шанбегӣ доир гардид. 
Дар шанбегӣ устодону донишҷӯёни факултаҳои молия ва қарз ва ҳисобдорӣ ва омор ҳудуди донишгоҳ, кӯчаи Нахимов ва қитъаҳои ба муассиса вобасташударо рӯбучин ва тозаю озода гардонида, бехи дарахтон ва гулу буттаҳоро нарм намуданд. 
Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони раёсати маъмурию хоҷагидорӣ дохили донишгоҳ тоза, шохи дарахтон кӯтоҳу ба тартиб дароварда шуда, ҷӯйборҳои дохил ва беруни таълимгоҳ аз партовҳо тоза карда шуд. 
Бояд гуфт, ки ин гуна ҳашарҳои дастаҷамъӣ пайваста гузаронида мешавад ва он барои ободонии як гӯшаи диёр мусоидаткунанда аст.