Хабарҳо
Дарси кушод дар мавзӯи заминаҳои Истиқлолияти давлатӣ
Рӯзи 13-уми март дар факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт дарси кушоди ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Абдулло Давлатзода дар мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ - пурарзиштарин дастоварди миллат» баргузор гардид. Зимни дарс гуфта шуд, ки 9 - уми сентябри соли 1991 чун воқеаи муҳими таърихи навини миллати тоҷик сабт шудааст.
А.Давлатзода дар идомаи дарс илова дошт, ки ҳарчанд баъд аз ба даст овардани Истиқлолият сарзамини кишвари моро нобасомониҳо фаро гирифта бошад ҳам, тавассути хизматҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин нобасомониҳо ба поён расид.
Ёдовар гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкориҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшида, олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.