Хабарҳо
Рушди мақомоти гумрук дар ҳамгироии иқтисодӣ
Таҳти ин мафҳум дар таърихи 16 марти соли 2021 дар донишгоҳ семинари доимамалкунандаи «Муҳаққиқони ҷавон» бо иштироки васеи устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар семинари мазкур устоди кафедраи фаъолияти гумрук Насаб Мамадбекова дар мавзӯи «Ташаккул ва рушди мақомоти гумрук дар ҳамгироии иқтисодӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)» баромад намуд.
Мавзӯи интихобгардида ба масъалаи мубрами рӯз дар самти фаъолияти гумрукӣ бахшида шуда буд. Н.А. Мамадбекова дар баромадаш қайд намуд, ки пайдоиши гумруку ташаккулёбии фаъолияти гумрукиро ба пайдоиши давлатҳо, сарҳади онҳо ва ташкили бозорҳои дохиливу хориҷӣ нисбат медиҳанд. Бесабаб нест, ки инкишоф ва рушди савдо сабабгори ба вуҷуд омадани низоми андозбандӣ, аз ҷумла муайян намудани боҷу хироҷи гумрукӣ ва пайдоиши мақомоти боҷгир гардиданд ва бори нахуст дар ин давра боҷу хироҷи сарҳадӣ бо номи “боҷи дарвоза” ва дигар намуди андозҳо ҷорӣ карда шуданд.
Дар анҷом, доир ба мавзӯи баррасишаванда аз ҷониби иштирокчиёни семинар музокира ва мубодилаи афкор сурат гирифт.