Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Донишҷӯёни мо - ғолиби «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

Донишҷӯёни мо - ғолиби «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»

Рӯзи 13-уми март дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон маросими супоридани ҷоиза, диплом ва ифтихорномаҳо барои ғолибони Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ дар соҳаи илм барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» баргузор гардид. 
Олимпиада дар соҳаи илм барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» аз рӯи равияи математика, физика, астрономия, геология, биология ва технологияҳои иттилоотӣ доир гардид. 
Боиси хурсандист, ки донишҷӯёни ДДМИТ низ дар самти фанҳои ғайритахассусӣ фаъолона иштирок намуда, дар натиҷа аз фанни химия Муҳсин Раҷабов, донишҷӯи курси 2, ихтисоси технологияҳои иттилоотии низомҳои молиявӣ соҳиби ҷойи дуюм ва аз фанни геология Ҷалолиддин Муқимов, донишҷӯи курси 3, ихтисоси молия соҳиби ҷойи сеюм ва соҳиби Дипломи Президенти АМИТ гардиданд. 
Ёдовар бояд шуд, ки донишҷӯён таҳти роҳбарии устодони кафедраи фанҳои табиатшиносӣ - ассистент Г.Исломова ва муаллими калон В.Орифҷонова ба Олимпиада омодагӣ диданд. 
Мо бо ин дастовард ғолибон ва устодони эшонро табрик намуда, барояшон фатҳи қуллаҳои нави илмро таманно дорем. 


 Donsh400.jpg  Donsh400.jpg


Е.Мирзоева, сардори раёсати илм ва инноватсия