Хабарҳо
Шукӯҳи Наврӯзи аҷам дар ДДМИТ
Санаи 20-уми март бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, устодон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар оғоз ҳайати раёсати донишгоҳ аз дастовардҳои варзишиву фарҳангӣ ва дастархони наврӯзии «ҳафт син», «ҳафт шин» ва «ҳафт мим» дидан намуданд.
Қисмати намоишгоҳ бошад, аз арҷгузориву эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, намоиши либосҳои миллӣ ва арӯсу домодҳои минтақаҳои гуногуни кишвар иборат буд. Ҳамзамон, аз тарафи донишҷӯён ташкили мусобиқаи бандкашӣ, гӯштини миллӣ, гурзбардорӣ, бадеҳахонӣ, байтбарак ва ташрифи арӯси сол бо табрикоти наврӯзӣ ва Бобои Деҳқон сурат гирифт, ки ба ҷашн шукӯҳи дигаре зам намуд.
Қисмати тантанавии чорабинии идона бо табрикоти ректори донишгоҳ Шукрулло Хайрзода идома ёфт. Мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни фархундаи аҷдодӣ шодбош гуфта, иброз дошт, ки Наврӯз иди қадимаи тоҷикон буда, таърихи беш аз шаш ҳазорсола дорад. Асолати иҷтимоию фарҳангии Наврӯз хеле бузург буда, он далели рушду пешрафти тафаккури созандагиву бунёдкорӣ, муттаҳидию ҳамгироии мардум аст.
Наврӯз ҷашнест, ки покиву покизакорӣ, осудагиву накукориро дар ҳама давру замон талқин намуда, мардумро ба созандагиву бунёдкориҳо даъват мекунад, қалбҳоро нарму кинаҳоро дур месозад. Таҷаллии пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек маҳз дар талъати Наврӯз ҳувайдо мегардад.
Зимнан бояд ёдовар шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз дар даврони Истиқлолият мақому мартабаи воло пайдо карда, дар арсаи сиёсати байналмилалӣ Наврӯзи тоҷикон аз соли 2010 мақоми ҷаҳонӣ пайдо кард. Инак, тӯли 11 сол мешавад, ки Наврӯзи мо ҷаҳонӣ аст ва мо аз ин мефахрем, гуфт дар охир ректор.
Баъдан аз ҷониби гурӯҳи фарҳангии донишгоҳ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши ҳозирин гардид. Дар қисми фарҳангии ҷамъомад аъзои дастаи «Ҷавонӣ» табъи иштирокчиёнро бо суруду таронаҳо, саҳначаҳои ҳаҷвӣ, гулбазм ва рақсҳои дилчасп шод гардониданд.
Бибиноз Муродалиева