Хабарҳо
Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!
Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз!
Инак, Наврӯзи оламафрӯз бо зангӯлаи нусрату хушиҳои бепоён ба остонаи ҳар сокини хушбахти Тоҷикистони азиз қадам мегузорад ва бо ташрифи мубораки худ ба кошонаҳои мо файзу нусрат ва барору покӣ меорад.
Наврӯз ҳамчун қадимтарин ва зеботарин ҷашни мардумӣ дар домони табиати зебои куҳандиёри мо зуҳур карда, аз фарорасии фасли зебои сол - баҳор ва оғози Соли нави аҷдодӣ паём мерасонад. Наврӯзи имсола ҷашни хосса аст, зеро дар арафаи санаи бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мешавад ва умед дорем, ки оғози созандагиҳову бунёдкориҳои мардуми шарифи мо мегардад. Итминони комил дорем, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастовардҳои бештаре ноил ҳоҳем гашт, ки инро шоир чунин ифода кардааст:
Ҷашни қадаммубораки Наврӯз мужда дод,
К-имсол тоза аз пайи ҳам фатҳҳо шавад.
Асолати иҷтимоию фарҳангии Наврӯз хеле бузург буда, он далели рушду пешрафти тафаккури созандагиву бунёдкорӣ, муттаҳидию ҳамгироии мардум аст. Ин ҷашн баёнгари покии тан ва рӯҳи озодагӣ ва наҷобати пиндор, гуфтор ва кирдори инсонҳост. Анъанаест, ки бо вуруди ин хуҷастаҷашн инсонҳо қалбҳои худро аз ҳама гуна душманӣ, кудурат, бухлу ҳасад ва пиндору андешаҳои номатлуб пок менамоянд ва қалбҳоро маъвои меҳру муҳаббат ва ваҳдату ҳамбастагӣ месозанд.
Аҳли устодону донишҷӯёни таълимгоҳ низ ин хуррамбаҳори наврӯзӣ, иди аҷдодии худро бо дастовардҳои арзанда сазовор пешвоз гирифта, барои муваффақияту навгониҳои минбаъда заминаи мусоид мегузоранд.
Умедворем, ки Наврӯзи 2021 бо қадами мубораки худ ба хонадони ҳар яки мо хушрӯзиву хушбахтӣ, хуррамиву сарсабзӣ оварад ва ба мардуми шарафманди кишварамон руҳияи нави созандагӣ ва зиндагии шоиста ато бахшад.
Хоҳони онем, ки Наврӯз бо манзалати бузурги ҷаҳониаш қалбатонро пурнур, шаҳомати бахтро дар хонадонатон фаровон, ранҷуриҳоро сарнагун ва шукуфтанҳои мақсудро мушарраф гардонида, иттиҳоду ваҳдати моро таҳким бахшида, дар роҳи эҷоду бунёд ба мо неруву тавон ато кунад.
Наврӯзатон муборак бод!
Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, ректори ДДМИТ