Хабарҳо
Истифодаи усулҳои муосири таҳқиқотҳои иқтисодӣ-оморӣ
Бо ташаббуси кафедраи омори факултети ҳисобдорӣ ва омор рӯзи 26 марти соли равон дар ДДМИТ семинари илмӣ-амалии донишгоҳӣ бо иштироки васеи меҳмонон, устодон ва донишҷӯён дар мавзӯи «Усулҳои муосири таҳқиқотҳои иқтисодӣ-омории рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ» баргузор гардид.
Нахуст семинарро муовини ректор оид ба илм Баҳром Сафаров ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба сатҳи мубрамияти мавзӯи семинар дар шароити кунунии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос намуда, саҳми донишгоҳро дар самти ташкилу баргузории чорабиниҳои илмӣ ва дар ин замина татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ноилгардӣ ба ҳадафҳои соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ назаррас ҳисобид.
Сипас номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент, сардори бахши тадқиқоти илмии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон Солиев Назар дар мавзӯи «Усулҳои муосири таҳқиқотҳои иқтисодӣ-омории рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ» маърӯза намуд. Дар баромади худ роҷеъ ба усулҳои муосири таҳқиқотҳои иқтисодӣ-омории рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ суханронӣ намуда, саҳми мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнатро, ки аз ҷониби макотиби олӣ омода карда мешаванд, асоси рушди бахшҳои иқтисоди миллӣ ҳисобид. Инчунин дар такя бо нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро аз устувории низоми бонкӣ вобаста дониста, қайд кард, ки зиёд намудани ҳаҷми қарзҳо ба соҳаҳои иқтисодӣ барои тавсеаи такрористеҳсол, афзоиши маҷмӯи маҳсулоти миллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ ва дар ин замина рушди иқтисоди миллӣ заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Дар идомаи семинар н.и.и., дотсент, мудири кафедраи омори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Мирзоев Сайалӣ дар мавзӯи «Усули тасҳеҳоти мавсимӣ ва татбиқи модели аддетивию мултипикативӣ» суханронӣ намуда, қайд кард, ки маълумоти макроиқтисодии оморӣ воситаи асосии таҳлили стратегӣ, иқтисодӣ, моделсозӣ ва пешгӯӣ барои давраи муайяни вақт мебошад. Аз нигоҳи маърӯзачӣ маълумоти оморӣ бояд тасҳеҳи мавсимӣ карда шаванд. Ҳадафи асосии тасҳеҳи мавсимӣ филтр (соф) кардани вариантҳои маъмулии мавсимӣ аз таъсири омилҳои тақвимӣ дар тағйирёбӣ ва ҳаракати равандҳою ҳодисаҳо мебошад.
Баъди ба итмом расидани маърӯзаҳо саволҳо аз ҷониби иштирокчиён пешниҳод гардид, ки устодону меҳмонон бо посухҳои худ рафти семинарро боз ҳам ҷолибтар намуданд ва семинари илмӣ бо баҳсу музокираҳо анҷом ёфт.
Раҷабалӣ Саидов, муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии факултети ҳисобдорӣ ва омор