Хабарҳо
Нақши устод Айнӣ дар ҳифзу такмили забони адабии тоҷикӣ
Рӯзи 29-уми март бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Нақши устод Айнӣ дар ҳифзу такмили забони адабии тоҷикӣ» ба ифтихори солгарди асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Дар мизи гирд профессори ДМТ Аламхон Кучарзода дар мавзӯи «Фаъолияти маорифпарварии устод Айнӣ» ва профессори кафедраи забони тоҷикии ДДМИТ Шаҳбоз Кабиров дар мавзӯи «Нақши устод Айнӣ дар ҳифзу пойдорӣ ва густариши забони тоҷикӣ» баромад намуданд.
Баромадкунандагон иброз доштанд, ки нақши устод Айнӣ дар тафсири калимаи «тоҷик» ва ҳифзи фарҳангу таърихи ин миллати куҳанбунёд бузург аст. Ба иттилои маърӯзачиён ширинию шевоӣ, пойдорию устуворӣ ва рушду такмили забони модарии мо дар садаи бистум ба номи Садриддин Айнӣ, саъю кӯшиш ва заҳмату талошҳои ҳамвораи ӯ бастагию пайвастагӣ дорад.
Аслан таърихи пурифтихор ва ғановати нопайдоканори забони тоҷикӣ бурҳони бебаҳс аст, ки самараву маҳсули меҳнату заҳмати шабонарӯзии фарзандони фарзонаи миллат, чун устод Айнӣ дар тӯли садсолаҳост.
Зимни баромадҳо илова гардид, ки роҳу равиши устод Айнӣ дар забон асосан нигаҳдошти асолат, покизагӣ ва шириниву шевоии забони модарӣ, ҳамчунин, ғаноафзоии забон бо истифода аз имконоти дохилии он аст, ки аз нахустин сурудаҳояш дар замони амирӣ, то таълифи охирин асари бузурги нотамоми ӯ «Ёддоштҳо» (1947-1954) дар даврони Шӯравӣ ба назар мерасад.
Устод Айнӣ равияи тоза кардани забонро, ки аслан аз таълифоти бунёдгузори равияи маорифпарварии тоҷик Аҳмади Дониш (1826-1897) ибтидо мегирад, дар осори худ ба ваҷҳи неку идома бахшид ва нахустину беҳтарину пуровозатарин ҳикояву повесту романҳои тоҷикӣ, аз қабили «Одина» (1924), «Аҳмади девбанд» (1928), «Дохунда» (1930), «Ғуломон» (1934), «Мактаби куҳна» (1936), «Марги судхӯр» (1936, 1952), «Ятим» (1940), «Ёддоштҳо» (1947-1954) бо қалами сеҳрофари ӯ ба риштаи таълиф даромаданд.
Ҳамчунин дар музокира устодони кафедраи забони тоҷикӣ баромад ва оид ба забони осори устод Айнӣ ва заминаи забони адабии ҳозираи тоҷикӣ ибрози андеша намуданд.